Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд аз мусоидат карданаш дар кашфи як шабакаи фаромиллии нашъаҷалобон дар вилояти Хатлон ва мусодираи беш аз 92 кг маводи мухаддир хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар пайванд ба ин ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шудаанд, ки бо роҳҳои махфӣ ин миқдор мухаддаротро ба ҳудуди Тоҷикистон ворид кардаанд.
Аз маркати матбуоти Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бар асоси дарёфти маълумоти оперативии ШВКД Хуҷанд ин ду шаҳрвандаи Афғонистон боздошт шудаанд.
Ин ниҳод аз ин ду узви боздоштшудаи шабакаи фаромилии нашъаҷалобон Ислом валади Ҷӯраболтаи 48-сола ва Муроди Ҳабибраҳмон валади Муҳаммадалии 29-сола ном мебарад. Онҳо сокинони вилояти Тахор, шаҳри Янгиқалъаи Афғонистон буда, ҳангоми интиқоли 79 килою 15 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 13 килою 70 грамм ҳашиш аз Афғонистон дар марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд.
“Ин ду гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуданд, ки аз онҳо дар умум 92 килою 85 грамм маводи нашъаовари навъи афюн ва ҳашиш ҳамчун далели шайъи мусодира шуд. Ба фарзияи оперативӣ гумонбарони ҷинояти қочоқи маводи мухаддир аз интиқолдиҳандагон воситаи нашъадорро бо роҳҳои махфӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид кардаанд, ки тавассути ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон анҷом медоданд”.
Ба иттилои манбаъ вобаста ба далели ошкоргардида нисбати ду шаҳрванди Афғонистон бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин банди қоқнун аз 12 то 20 сол маҳруми аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Раёсати умури дохилаи Суғд мегӯяд, барои муайян ва боздошти шарикони ин ду шабакаи трансмиллии нашъаҷалоб, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти пинҳонӣ мебаранд тадбирҳои иловагии оперативӣ дар мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста