Дар 10 рӯз нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора аз Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. То кунун танҳо ВМКБ нақшаро дар рӯзи аввали даъват беш аз сад дар сад иҷро кардааст.
Манбаъ менависад, ки дар ин давра вилояти Хатлон 40 дарсади нақшаро иҷро кардааст. Ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор аллакай нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.
- Вилояти Суғд 27 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 47,3 дарсад (ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод нақшаро сад дарсад иҷро кардаанд) ва шаҳри Душанбе 42 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардаанд,- хабар медиҳад Вазорати дифоъи Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ, ВМКБ нақшаи даъвати ҳарбиро сад дарсад иҷро намуда буд.
Иҷрои то 40 дарсади нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи охир навори боздошти ҷавонон дар кӯчаву бозор ва фурудгоҳҳо пахш мешавад, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш аст.
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, бо оғози даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо пора озод намудани даъватшавандаҳо аз хизмати ҳарбӣ бештар мешавад. Аз ҷумла, дар рӯзи чоруми даъвати баҳории имсол, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як мансабдори баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо талаби 25 ҳазор сомонӣ барои ғайри қобили хидмат донистани даъватшаванда гумонбар мешавад.
Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.
Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста