Мақомоти Тоҷикистон даргузашти як марзбони тоҷик дар тирпаронии шоми 12-уми апрели дирӯзро таъйид карданд. Аз ин марзбон Зоир Саидумарови 27-сола ном бурда мешавад.
Ин марзбон сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон будааст, ки баҳори соли 2020 ба хидмат рафта буд ва имрӯз дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
Як манбаъ, аз ҳукумати вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" хабари кушта шудани Саидумаровро таъйид кард.
Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, ба Радиои "Озодӣ" гуфтааст, маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шуд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ гуфтааст, ки дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.
"Рафта, изҳори ҳамдардӣ кардем. Падараш аз дунё гузашта будааст. Ду бародараш дар Русия ҳастанд. Маросими видоъ ҳангоми намози пешин шуд, баъди он боз мадад мекунем",- гуфтааст раиси ноҳияи Дӯстӣ.
Пештар аз ин, манобеи расмӣ дар Хистеварз дар мавриди сарнавишти захмиён аз додани иттилоъ худдорӣ карда буданд.
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нимашаби 12-ум ба 13-уми апрел дар мавриди захмиён ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "инро фардо таҳқиқот муайян мекунад".
Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муродҷон Ҷӯраев нимашаби 12-13-уми апрел ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳеч захмие дар ин беморхона бистарӣ нашудааст ва иттилое дар бораи захмиён надорад.
Сардухтури беморхонаи Хистеварз Фирдавс Азимов, субҳи 13-уми апрел дар як суҳбати кӯтоҳ дар мавриди захмиҳои ҳодисаи тирпаронии шоми 12-уми апрел гуфт, ки ҳоло дар беморхона захмие бистарӣ нест.
"Шаб оварда буданд ва боз гирифта бурданд. Ҳоло ягон бистарӣ надорем". Аммо Азимов гуфта натавонист, ки вазъи захмиҳо чӣ гуна буд ва онҳо чанд нафар буданд ва онҳоро ба куҷо бурданд.
Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистон соати 18.20 шоми 12-уми апрел рух дода буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста