Мушовири амниятии Ҳиндустон, Аҷет Дувол дар конфронси амниятии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе дар дидор бо ҳамтои эронияш аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳорӣ нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аллаҳи Ҳиндустон фаъол шудаанд. Дар ин бораи "Афғонистон интернейшнл" хабар медиҳад.
Нишасти амниятии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе оғоз шуд ва имрӯз идома мекунад.
Дувол дар мулоқот бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Шомхонӣ шакл нагирифтани ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури намояндагони гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабиро аз ҷолишҳои калони ин кишвар донистааст.
Расонаҳои эронӣ хабар додаанд, ки мушовири амнияти Ҳинд гуфтааст, ки силлоҳое, ки аз неруҳои амрикоӣ дар дасти гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон боқӣ мондаанд, таҳдиде ба амнияти кишварҳои ҳамсояи ин давлат хоҳанд буд.
Шомхонӣ ҳам гуфтааст, ки таҳаввулоти Афғонистон бояд дар дастури кори гуфтугӯҳои минтақаӣ бошад. Дабири Шӯрои амнияти Эрон ҳам бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид кардааст ва гуфтааст, ки муҳоҷирати бисёри афғонҳо ба Эрон нишон медиҳад, ки ҳанӯз амнияти равонии лозим барои зиндагии одӣ дар ин кишвар эҷод нашудааст.
Дар ин нишасти Душанбе, котибони Шӯроҳои амниятии 8 кишвар: Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат ва вазъи кунинии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Даври қаблии ин нишасти амниятӣ бо меҳварияти Ҳинд дар Деҳлии Нав баргузор шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста