Мақомоти Тоҷикистон як қисми низомии марзбониро аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯробод), яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба 12-километрии марзи ин кишвар кӯчонидаанд.
Зафар Гулзода, раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин тасмим имкон медиҳад, ки назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз қавитар шавад.
Гуфта мешавад, ки ин қароргоҳ дар наздикии ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ин ноҳия ҷойгир мебошад ва он моҳи майи соли равон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуда буд.
“Марзбононро дар қароргоҳи нав, ки тақрибан 12 километр наздик ба марзи Афғонистон сохта шудааст, ҷойгир хоҳанд кард”, - гуфт раиси ноҳия.
Пойгоҳи кӯҳна ҳудуди 20 километр аз марз дур ва назорати мустақими марз аз ҳудуди он имконнопазир буд. Ҳоло пойгоҳи нави марзбонӣ дар ҷое қарор дорад, ки онро нуқтаи душворназорати марзӣ меноманд.
Гулзода афзуд, ҳоло дар минтақаҳои душворназорати марзӣ сохтмони роҳ оғоз шудааст ва тақрибан 30 километр роҳ аллакай сохта шудааст.
Ба таъкиди ӯ, барои назорати комили марз дар ин мавзеъ бояд ҳудуди 100 километр роҳ сохта шавад.
Марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дарёи Панҷ ҷудо мекунад ва он 145 километр дарозӣ дорад.
Ба минтақаи душворназорати марзӣ кӯчонидани як пойгоҳи марзбонӣ дар ҳолест, ки баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон ҳадди ақал се маротиба ба сӯи кишварҳои ҳамсояи худ мушак ҳаво доданд, ки нигаронии хосро ба миён овард.
Зимнан Тоҷикистон дар пасманзари партоби мушакҳо аз ҷониби Афғонистон гуфта буд, ки қодир аст марзҳои худро аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ ҳифз кунад.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз, рӯзномаи "8 субҳ" - и Афғонистон бо такя ба як манбаи худ хабар дод, ки Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, машҳур ба Мулло Ҷону, муовини аввали Қулурдуи 217-и умрии Толибон дар вилояти Тахор” ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон даст накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта Тоҷикистонро забт кунанд.
Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба “Толибон” барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Толибон аст, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати Толибон бо онҳо ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, зери мафҳуми “мудохила ба умури дохилии Афғонистон” масъулини Толибон чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро дар назар доранд.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста