Як ҳайати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Тошканд рафт. Вазири мудофиаи Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов имрӯз, 9 август ҳайати низомии Тоҷикистонро таҳти сарварии вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.
Дар вохӯрӣ вазирон зикр карданд, ки муносибатҳо байни ду кишвар натанҳо дар соҳаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва гуманитарӣ, балки дар бахши мудофиа ва амният низ ба сатҳи бесобиқа густариш ёфтанд.
Баҳодур Қурбонов изҳори итминон кард, ки минбаъд миқёси онҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар бораи роҳандозии таҳсили хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар макотиби олии ҳарбии Ӯзбекистон қарордоди иловагӣ ба имзо расид.
Пас аз ин ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази миллии идоракунии мудофиаи Ӯзбекистон шинос шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар машқгоҳи Тирмизи ин кишвар тамринҳои муштараки низомии Ӯзбекистону Тоҷикистон “Иттиҳод-2022” ҷараён доранд.
Ғайр аз ин, дар Ӯзбекистон Бозиҳои VIII байнулмилалии ҳарбии “АрМИ-2022” баргузор шуда, иштиркчиёни он ба кишвар меоянд.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, то имрӯз ба ҷойи баргузории бозиҳо - машқгоҳи “Фориш”, ки дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ воқеъ аст, намояндагони Русия, Ветнам, Беларус ва Тоҷикистон ҳозир шуданд.
Пас аз мутобиқшавӣ ва одаткунӣ ба иқлим, иштирокчиёни бозиҳо техникаи ҳарбии барои онҳо пешбинишударо гирифта, фаъолона ба машқҳо пардохтанд.