Дар пойтахти Сурия - Димишқ рӯзи 13 ноябр масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баррасӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар доираи сафари корӣ ба Димишқ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун дидору гуфтушунид кард.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25 июли соли ҷорӣ бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.
Ғайр аз ин, 30 апрели соли 2019 84 кӯдак - фарзандони ҷангиёни тоҷики гурӯҳҳои ифротгароӣ, ки дар урдугоҳ ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд, аз ин кишвар ба Душанбе оварда шуданд. Бархе аз ин кӯдакон бо волидонашон ба он ҷо рафта, бархе дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд. Падари аксарияти онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо террристон зиндонӣ шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон нахуст изҳор намуд, ки ин кӯдакон ба парастории хешовандонашон дода мешаванд, лекин баъдан ба мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон тақсим карда шуданд.
Моҳи июли соли 2020 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод, ки ҳудуди 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия, ки асосан зери назорати курдҳо қарор доранд, нигаҳдорӣ мешаванд.
“Миёни онҳо ҳудуди 286 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки ба ватан баргаштан мехоҳанд. Дар ин самт мо бо Сурия ҳамкории зиёд дорем. Сафирамон вазифадор шудааст, ки барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар ба ватан бо ҳукумати расмӣ ва ҷангиён доимо гуфтушунид кунад”, - изҳор дошта буд ӯ.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста