Соли 2022 хароҷот ба эҳтиёҷоти ҳарбӣ дар ҷаҳон ба сатҳи рекордӣ расида, 2,24 триллионро ташкил дод, хабар дода мешавад дар гузориши Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти мушкилоти ҷаҳони Стокголм (SIPRI).

Тавре ки аз гузориш бармеояд, яке аз омилҳои асосии афзоиши хароҷот ба соҳаи ҳарбӣ ҳамлаи Русия ба Украина мебошад.

Зинаи аввалро аз рӯи хароҷоти низомӣ ИМА ишғол мекунад, ки 877 млрд доллар ё худ 39% аз ҳамаи хароҷот дар саросари дунёро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, 19,9 млрд доллар ба сифати кумаки низомӣ ба Украина ҷудо шудааст.

Дар зинаи дуюм бо хароҷоти 292 млрд доллар Чин қарор дорад. Қобили зикр аст, ки хароҷоти низомии Чин аллакай 18 сол инҷониб зиёд мешавад.

Русия зинаи сеюмро ишғол кардааст. Хароҷоти ин кишвар 9,2% афзуда, 86,4 млрд долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои муаллифони гузориш, ин рақам 34% зиёдтар нисбат ба буҷети пешбинишудаи Русия аст.

Хароҷоти низомии Украина ба 44 млрд доллар расида, сатҳи афзоиш дар як сол 640%-ро ташкил додааст. Ин афзоиши баландтаринест, ки SIPRI сабт кардааст.

Дар Ҳиндустон ба соҳаи ҳарбӣ 81,4 млрд доллар равона шудааст, ки нишондиҳандаи чорум дар ҷаҳон аст. Дар зинаи панҷум Арабистони Саудӣ қарор дорад, ки хароҷоташ ба ин соҳа 16% афзуда, тақрибан ба 75 млрд доллар расидааст.

Хароҷоти умумии кишварҳои узви НАТО 1,2 триллион дар як солро ташкил додааст, ки 0,9% бештар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Таҳдидҳои афзоянда аз ҷониби Русия инчунин ба хароҷоти кишварҳои Аврупо боис гардида, ин нишондиҳнда дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ ба 345 млрд доллар расидааст, ки баландтарин пас аз анҷоми ҷанги сард маҳсуб меёбад.

Афзоиши нисбатан босуръати хароҷоти низомӣ дар Финландия (+36%), Литва (+27%), Шветсия (+12%) Лаҳистон (+11%) ба қайд гирифта шудааст. Миёни кишварҳои Аврупо аз ҳама бештар Британияи Кабир ба ин соҳа хароҷот кардааст, ки 68,5 млрд долларро ташкил дода, тақрибан 2,5 млрд доллараш кумак ба Украина аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти гузориш, соли 2022 хароҷоти низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб аз се як ҳисса кам шудааст. Хароҷоти кишварҳои минтақа ҳамагӣ ба 0,1% аз ҳаҷми ҷаҳонӣ баробар буда, ба сурати умум, ҳудуди 1,4 млрд долларро ташкил додааст, ки аз як соли пешин камтар аст, бармеояд аз гузориши SIPRI.

Хароҷоти низомии кишварҳои минтақа 29% камтар нисбат ба соли 2021 ва 28% камтар дар муқоиса бо соли 2013 мебошад.

Хароҷоти Туркия ҳам дар ин соҳа дар соли 2022 кам шуда, 10,6 млрд долларро ташкил додааст, ки 26% камтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.