Ҳукумати Тоҷикистон бо судури ду қарор тартиби дафни ҷасади террористоне, ки дар рафти амалиёти зиддитеррористӣ кушта мешаванд ва тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз амали террористӣ зарар дидаанд, муайян кардааст.
Ин ду қарор рӯзи 28-уми апрели соли равон аз сӯи ҳукумат қабул ва дар Пойгоҳи иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлия ҷойгир шудааст.
Аз ҷумла, дар қарор оид ба тартиби дафни ҷасади “террористон“ омадаст, ки “дар мавриди ҷойи дафн маълумот дода нахоҳад шуд” ва ҳамчунин, “интиқоли ҷасад ҳам ба макони дафн дар тобути сарпӯшида (гроб) сурат мегирад”.
Ҳамчунин, дар яке аз бандҳои он гуфта шудааст, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳои масъули гӯручӯб ҷасади “террорист”-ҳои кушташударо дар ҷойи гуфтаи мақомоти тафтишотӣ дафн хоҳанд кард ва оид ба ҷойи дафн хабар дода намешавад.
“Тартиби мазкур ба шахсоне, ки нисбаташон таъқиби ҷиноятӣ бинобар фавти онҳо вобаста ба иштирок дар фаъолияти террористӣ, дар натиҷаи содир намудани амали террористӣ, инчунин дар сурати пешгирӣ намудани амали террористӣ қатъ карда шудааст, паҳн мегардад”, – омадааст дар яке аз банҳои қарори мазкур.
Дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ кушта шудаанд, намояндагиҳои дипломатии кишварашон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон огоҳ карда хоҳанд шуд.
Тибқи қарори нав, дар дафтари сабт санаи таваллуд ва рақами қабр навишта мешавад, аммо ному насаби “террорист” сабт намегардад.
“Дар китоби бақайдгирӣ сол, моҳ ва санаи дафн, рақами қабр, санаи таваллуд ва марг, рақам, сана ва аз ҷониби кӣ маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот дода шудааст, ном ва нишонии мақомот ё ташкилоте, ки бақайдгириро анҷом додааст, ворид карда мешавад. Насаб, ном, номи падари фавтида дар китоби бақайдгирӣ нишон дода намешавад”, – зикр мегардад дар қарор.
“Дар китоби бақайдгирӣ сол, моҳ ва санаи дафн, рақами қабр, санаи таваллуд ва марг, рақам, сана ва аз ҷониби кӣ маълумотномаи тиббӣ оид ба вафот дода шудааст, ном ва нишонии мақомот ё ташкилоте, ки бақайдгириро анҷом додааст, ворид карда мешавад. Насаб, ном, номи падари фавтида дар китоби бақайдгирӣ нишон дода намешавад”, – зикр мегардад дар қарор.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ба хешовандони “террорист” нусхаи маълумотномаи тиббӣ оид ба вафоти аз ҷониби муассисаҳои экспертизаи судӣ-тиббӣ додашуда ва хулосаи судӣ-тиббии азназаргузаронии ҷасад супорида мешавад.
Дар банди охири ин қарор гуфта мешавад, ки дафни “террористон” аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда анҷом дода мешавад.
Қаблан мақомот оид ба безараргардонии террористон дар минтақаҳои гуногун дар натиҷаи амалиёти махсус хабар дода буданд. Вале маълум нест, ки ҷасади онҳоро ба наздикони кушташудаҳо доданд ва ё не.
Вале соли 2011 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов)-ро дар Рашт, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитерорристӣ кушта шуд, ба соҳибонашон намедиҳанд ва маҳалли дафни онҳо низ махфӣ мемонад.
Аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва табибон ёрӣ расонида мешавад
Қарори дигар барқарорсозии ҷабрдидагон, пеш аз ҳама расондани ёрии ройгони ҳуқуқии зарурӣ, барқарорсозии тиббию равонӣ ва дигар хидматрасониҳоро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки он дар маҳалли содир шудани амали террористӣ ё дар ҷойи иқомати ҷабрдида аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ сурат мегирад.
Барои барқарорсозӣ, ҷабрдида ё хеши наздик (намояндаи қонунӣ), ки аз номи ӯ амал мекунад, бо пешниҳоди аризаи хаттӣ ва намуди барқарорсозии иҷтимоӣ, ба мақомоти ҳудудии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба терроризм муроҷиат мекунад.
Баъди ин мақомоти масъул ба ариза посух дода, ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Тоҷикистон ва ёрии тиббӣ ва равонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (табибон ва равоншиносон) расонида мешавад.
“Барои амалӣ намудани барқарорсозии тиббӣ ва равонӣ аз ҷониби мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода мешавад”, – омадааст дар қарор.
Ҳамчунин, бо назардоштани эҳтиёҷот ба ҷабрдидагон тибқи хидматрасониҳои ройгони иҷтимоӣ, ки дар асоси қарори ҳукумат аз 13-уми декабри соли 2012, №724 тасдиқ шудааст, расонда мешаванд.