Ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи чанде аз онҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,ба Президенти мамлакат оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.

Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба 166 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз тақдим гардид.

1/11

Президенти мамлакат дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи нави сарҳадии “Айвоҷ”-ро ифтитоҳ намуд. Дидбонгоҳ бо тамоми шароити муосир ва техникаҳои замонавии мушоҳидавӣ дар марзи давлатӣ таъмин мебошад.

Дар дидбонгоҳи сарҳадии “Айвоҷ” Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида, ки аллакай даҳҳо километри он дар сарҳади давлатӣ насб гардидааст, шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.

Аз ҷониби ҳукумат барои таҳкими иқтидори техникӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАм ҶТ 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ  ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Айвоҷ” ва дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳнат” дар назди ҳайати шахсӣ ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ суханронӣ намуд.

Баъди суханронии президенти мамлакат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи сарҳадбонони тоҷик гузашти низомии Отряди сарҳадии “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус ва шумораи зиёди техникаҳои гуногуни низомӣ доир гардид.

1/7

Дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи сарҳабонон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки аз моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди 77 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид.

Танҳо рӯзи 28 майи соли равон 33 иншоот, аз ҷумла 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 1 комендатураи сарҳадӣ, 2 постгоҳи сарҳадӣ ва 166 хона барои афсарон, дар маҷмӯъ, барои 4000 нафар сарбозону афсарон бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд.

Сохтмони 53 иншооти дигари сарҳадӣ босуръат идома дорад ва то моҳи сентябри соли равон, яъне дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Соли 2024, ки ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад, боз 15 дидбонгоҳи дигар дар мавзеъҳои баландкӯҳ пурра омода мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.