Барафрохтани парчами Қирғизистон дар яке аз деҳаҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон ва боз шудани дидбонгоҳи сарҳадии Мақсад дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд норозигии корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Корбарон даъво доранд, ки минтақаи дидбонгоҳ ва парчам бунёдёфта баҳсӣ аст ва тибқи муқаррароти қаблан имзошуда, набояд дар он сохтмон карда шавад.
28-уми майи соли ҷорӣ, рӯзе, ки дар Тоҷикистон марзбонҳо ҷашни худро таҷлил мекарданд, дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд бо ширкати раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев, мақомоти маҳаллӣ ва сокинон парчами 40-метраи Қирғизистон барафрохта шуд.
Дар ин бора хабаргузории қирғизии “Катус-медиа” хабар медиҳад.
Зимни маросим, Қамчибек Тошиев мардуми деҳаи Мақсадро каҳрамон хонда, гуфтааст, “давлат ҳама корро мекунад, то мардум дар сулҳу шароити хуб зиндагӣ кунанд”.
Сомонаи қирғизии “Турмуш” хабар медиҳад, ки дар рӯзи барафрохтани парчам, ҳамчунин, бо ширкати Қамчибек Тошиев дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд дидбонгоҳи сарҳадии “Мақсад” ифтитоҳ шуд.
Манбаъ менависад, ки дар дидбонгоҳ, ҳуҷраҳои истироҳат барои хидматчиёни ҳарбӣ, толори варзишӣ, майдони футбол ва ҳуҷраҳои хидматӣ барои сарҳадбононе, ки аз дигар минтақа барои хидмат омадаанд, мавҷуд аст.
Деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бадканди Қирғизистон бо ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ҳаммарз буда, яке аз нуқтаҳои доғ дар ҷараёни низои охири марзӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб мерафт.
Нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам дар он аст, ки Қирғизистон бо барафрохтани парчами худ мехоҳад минтқаҳои баҳсиро моли худ хонда, барои аз худ кардани минтақаҳои дигар талош кунад.
Онҳо аз он хавф доранд, ки бо ифтитоҳи дидбонгоҳ ҷониби Қирғизистон барои эҷоди як низои дигар омодагӣ мебинад.
Корбарони тоҷик даъво доранд, ки тибқи харитаи вилояти Ленинободи ҶШС Тоҷикистон (нашри 1986) аз бойгонии Донишгоҳи Калифорнияи шаҳри Берклии ИМА, ки дар онҷо сарҳади байни Ленинобод ва вилояти Оши Қирғизистон нишон дода шудааст, деҳае бо номи Мақсад умуман вуҷуд надорад ва заминҳои он дар ҳудуди Тоҷикистон аст.
Ризо Баҳромзод, олими ҷавони тоҷик, ки аз маҳаллаи ҳаммарзи Қирғизистон буда, чандин сол аст ба омӯзиши масъалаҳои баҳсноки марзӣ машғул аст, зикр намуд, ки дар аввал ин деҳа танҳо дар шакли хонаҳои алоҳидаи финӣ, ки дар масофаи 20-30 м аз ҳамдигар дар як хати рост қад-қади роҳи канории Овчиқалъача сохта шуда буданд. Мақсади қад-қад роҳ ва дар як хати рости дароз сохтани хонаҳо ғасби заминҳо буд.
“То солҳои 2007-08 мо бемалол аз чарогоҳҳои деҳаи худ истифода карда метавонистем, вале баъдан қирғизҳо байни хонаҳояшон девор карда, дигар моро барои истифода аз чарогоҳ иҷозат намедоданд ва он роҳи канории деҳаро чун хати сарҳад муайян карданд. Ҳоло бошад дар Мақсад мардуми зиёдеро бо додани имтиёзҳои иҷтимоӣ аз ҳар куҷо ҷамъ оварда маскун кардаанд ва барои онҳо иншооти инфрасохторӣ сохтаанд”,-даъво дорад Ризо Баҳромзод.
Ризо Баҳромзод бо бознашри хабари барафрохтани парчам дар саҳифааш дар “Фейсбук” навиштааст, ки “...Мо намебоист, ки ба онҳо барои сохтани поя ва гузоштани парчам иҷозат медодем. Зеро мувофиқи шартномаҳо дар минтақаи номуайяни марз сохтмон кардан мумкин нест”.
Ин даъвои олими ҷавонро бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа расанд ва хатти марзро дақиқ муайян кунанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста