Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина худдорӣ намоянд ва ба ҷойҳои серодам ва чорабинҳои оммавӣ нараванд.
Муроҷиатномаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи вазъи амниятии ин икшвар чанде пеш дар саҳифаи расмии ин ниҳоди дипломатӣ дар “Фейсбук” нашр шуд.
“Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти таҳдид ба вазъияти амниятӣ дар кишвари иқомат, аз сафари ғайримақсаднок ба минтақаҳои наздисарҳадии Россия бо Украина худдорӣ намоянд”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳамчунин, сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистонхоҳиш кардааст, ки “ба ҷойҳои ҷамъиятии серодам ва чорабиниҳои оммавӣ, хусусан бо истифода аз нақлиёти шахсии худ, нараванд”.
Ин ниҳоди дипломатӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, “барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта, 23-юми июн Евгений Пригожин, роҳбари ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” дар як навор гуфт, ки нерӯҳои Вазорати дифои Русия ба пойгоҳҳои ин гурӯҳ зарба задаанд, аз ин рӯ, ӯ бо нерӯҳои мусаллаҳаш, ки даъво дорад 25 ҳазор нафар аст, ба шаҳри Ростови лаби Дон, ба ситоди Округи ҳарбии ҷанубӣ ворид шудааст ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол кардааст.
Мақомоти давлатии Русия, аз ҷумла, Хадамоти федералии бехатарӣ, Додситонии кулл ва Вазорати мудофиа ин амал ва изҳороти Евгений Пригожинро “даъват ба исёни мусаллаҳона” тавсиф карда, хабар доданд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз кардаанд. Бар асоси ин модда ба Пригожин аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар робита ба ин, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар муроҷиатномиа телевизионии худ бе ном бурдан аз шахси мушаххас, махсусан Пригожин ҳодисаи рухдодаро хиёнат ва хоинӣ ба кишвару халқ номид ва гуфт, Русия худро аз хиёнати дохилӣ ҳифз хоҳад кард.
Ӯ гуфт, бар муқобили мо (Русия дар назар аст, муаллиф) тамоми мошинаи ҳарбӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии Ғарб нигаронида шудааст.
"Ман ҳамчун як шаҳрванди Русия барои дифоъ аз кишвар ҳама корро мекунам, чораҳои қатъӣ, аз ҷумла дар бораи вазъ дар Ростов андешида мешаванд",- гуфт Путин.
Президенти Русия даъват кард, ки мардум дар шӯриши мусаллаҳона ширкат накунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста