Фирдавс Фирдавсови 19 сола ва Навруз Ҳасанови 25 сола, сокинони шаҳри Душанбе, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ ба эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, барои фиристонидани онҳо ба зиёрати ҳаҷи фарзӣ дар соли 2023 “маблағҳои гуногун”-ро тасарруф намудаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Вобаста ба ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - афзудааст манбаъ.
Маблағи ситонидаи онҳо дар хабари ВКД зикр намешавад.
Аммо ВКД аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ин нафарон ҷабр дидаанд, ё дар бораи ҷойи буду боши Навруз Ҳасанов ва Фирдавс Фирдавсов ягон маълумот доранд, хоҳиш кардааст, ки тариқи телефонҳои 901-50 00 51, 939 92 76 16 ва 221 01 49 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намоянд.
Бояд гуфт, ки чанде пештар сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик - ҳамагӣ 259 нафар рӯзи 23 июн ба Ҷидда раҳсипор шуда буданд ва онҳо то рӯзи 24-уми июл ба ватан бармегарданд.
Қобили зикр аст, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Аммо беш тар аз 4500 нафар тоҷикистонён дар ин мавсим ҳаҷҷи фарзиро адо карданд. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Имсол низ теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста