Муноқишаи ахир миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон “дар пайи як нофаҳмии кӯчак” рух дода, тариқи гуфтушунид ҳал шудааст. Дар ин бора Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара иттилоъ дод.
Ӯ, ки 26-уми июл дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, айни замон вазъ дар марзи ҳарду кишвар ором аст.
“Қатораи мошинҳои сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, ки барои гузаронидани тӯйи арӯсӣ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат доштааст, гӯё ба ҳаракати як сокини ҳамсоякишвар монеа эҷод кардааст. Аз ин сабаб, миёни онҳо нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳад”, - гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.
Раиси шаҳри Исфара зикр намуд, ки муноқиша дар фурсати кӯтоҳ ва баъди музокираи масъулини ду ҷониб хомӯш карда шуд.
“Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбарият ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Бодканд мулоқот карда, масъаларо баррасӣ намудем ва муноқиша бартараф шуд. Ҳоло вазъ ором аст”, - афзуд Баҳодурзода.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 24-уми июли соли равон рух дода, ба нақли сокинони маҳал, боиси барои як муддат қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Исфара – Ворух гардид.

Як рӯз баъд аз ҳодиса Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо пахши изҳорот гуфт, сабаби аслии муноқиша рафтори як шаҳрванди Қирғизистон буд, ки дар ҳолати мастӣ бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳои сокинони Ворухро баста, онҳоро сангборон мекунад.
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон бошад, ҳодисаро ба таври дигар шарҳ дода, зикр кард, ки корвони мошини шаҳрвандони Тоҷикистон монеи ҳаракати мошини қирғизистониҳо шудааст ва ин боиси муноқиша гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 980 км буда, қисме аз он аломатгузорӣ нашудааст, даҳсолаҳо боиси баҳсу муноқишаҳо будааст.
Махсусан, муноқишаҳои мусаллаҳи ду соли пеш – 2021 ва 2022 боиси маргу ҷароҳат бардоштани садҳо нафар аз ҳарду ҷониб гардид.
Ҳар ду ҷониб пайваста аз ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои сарҳадӣ сухан мекунанд ва мулоқотҳо доир менамоянд, аммо то ҳол ҳудуди 300 км сарҳад мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста