Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки давоми ҳамин ҳафта дар як қатор ноҳияҳои кишвар боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ сокинон бояд сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд, ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд.
Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли кӯҳгардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти пуршиддати рӯзи 27 август ба иншооти зерсохтори кишвар зарари ҷиддӣ расида, 13 нафар ҳалок шуданд. Аз ин рӯ, эҳтиёту омодагӣ ба тағйирёбии шароити обуҳаво мувофиқи мақсад аст.
Дар бораи вазъи обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи сентябр дар ин маводи мо маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.