Дар аввалин рӯзи оғози маъракаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии минтақаи Рашт, ноҳияи Фархор ва ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Дар ҳамоише, ки бахшида ба иҷрои нақшаи даъват ба артиш баргузор гардидааст, роҳбарияти ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо баргузор намудани маросими “кулчагазон” наваскаронро гусел намудаанд.
Шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба сафи артишро иҷро кардаанд. Ҷавонони синни даъват аз шаҳри Хоруғ ботантана дар фазои идона ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шудаанд.
Ҳамчунин, дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳӣ ба артиш нақшаи даъват дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барзиёд таъмин гардидааст.
Таъкид мегардад, ки дар ин ду ҷамоат муддати панҷ сол аст, ки нақшаи даъват дар рӯзи аввали даъват ба артиш иҷро мегардад.
Дар ноҳияи Фархор ҳам нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар аввалин рӯзи маъракаи даъват иҷро гардидааст.
Мақомот қаблан иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъват ба артишро ба афзоиши теъдоди ихтиёриён, ироаи имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва ҳамчунин баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар остонаи маъракаи даъват ба артиш шарҳ рабт дода буданд.
Коршиносон бошад, таъкид мекунанд, ки дар баъзе шаҳру навоҳӣ аҳолӣ кам аст ва табиӣ, ки теъдоди ҷавонони даъватӣ ба артиш низ кам мебошад. Аз ин лиҳоз ин шаҳру навоҳӣ дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш нақшаро иҷро мекунанд.
Ҳамчунин, бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ маъракаи даъватро хеле пеш аз оғози расмии он оғоз мекунанд.
Махсус таъкид менамоянд, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ, ки муноқишаҳо рух медиҳанд, фаъолмандии бештар мушоҳида мешавад ва ин ба эҳсоси ватандӯстӣ ва дифоъ аз марзу бум вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро 31-уми август имзо кард ва тибқи он, аз 1-уми октябр маъракаи даъват ба артиш оғоз гардида то 30-юми ноябр идома меёбад. Дар асоси он, дар маъракаи тирамоҳӣ ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ҳамасола бо оғози маъракаи даъват ба артиш шикояти сокинон аз манотиқи гуногуни кишвар оид ба ҳолатҳои бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш низ расонаӣ мешавад.
Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ низ ҷорӣ шудааст, ки қисме аз ҷавонон метавонан аз он истифода баранд.




“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста