Дар саросари ҷумҳурӣ то охири моҳи октябр 75 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, давоми як моҳи маъракаи даъват шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешсаф буда, ин минтақа то ба ҳол 80 дарсади нақшаи даъватро пурра кардааст.
Вилояти Хатлон то охири моҳи октябр 79 дарсад ва вилияти Суғд 65 дарсади нақшаи даъватро иҷро намудааст.
Дар шаҳри Душанбе бошад, то кунун танҳо ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшаи даъватро пурра ба анҷом расонида, даъвати дигар навоҳии пойтахт ҳамоно идома дорад. То охири мо нақшаи даъвати Душанбе 72 дарсад иҷро шудааст.
“Дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябр шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд”, - хабар медиҳад Вазораи мудофиа.
Бояд гуфт, ки дар нахустин рӯзи даъват, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расонида буданд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиа таъкид кардааст, “дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини ҳукуматҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонанд, дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот кам ба назар мерасад”.
“Дар ҳоли ҳозир тибқи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад”, - таъкид шудааст дар хабари Вазорат.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин мавсими тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳам хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр шурӯъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.
Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?
Нишасти парлумонии Тоҷикистону Русия. Кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Диду боздиди Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ. Чӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд?
НБО-ҳо бартариятро аз даст медиҳанд? Истеҳсоли неруи офтобӣ ва бодӣ афзоиш меёбад
Қурби рубл нисбат ба сомонӣ то сатҳи як соли пеш поин рафт
Ифтитоҳи Маркази шуғли фосилавӣ дар Шуғнон
“Ҳар кас фалаксаро шуда наметавонад”. Мусоҳиба бо фалаксарои ҷавони тоҷик Манучеҳр Бурҳонов
“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе
Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд
Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста