Саймумин Ятимов ва Қимчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти милии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бонканди Қирғизистон гуфтугӯ кардаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ натиҷаҳои кори гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намуда, оид ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷоми тавсифи хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас додаанд.
Дар бораи созишҳои бадастомада дар ин вохӯрӣ иттилои бештар дода намешавад.
То ҳол ҷониби Қирғизистон дар ин бора иттилое нашр накардааст.
Бояд гуфт, ки давоми се моҳи охир ин аллакай вохӯрии чаҳоруми Ятимов ва Тошиев аст. Зимни ин вохӯриву мулоқотҳо ҳудуди 100 км қитъаи марз мувофиқа карда шуд.
Дар ҷаласаи охири гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор гардид, ҷонибҳо 24,01 километри дигари сарҳади давлатӣ байни ду кишварро мувофиқа карданд.
АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ки аз 29-уми ноябр то 5-уми декабр дар ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии делимитатсия ва демаркасияи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Дар ду мулоқоти моҳи октябр ҷонибҳо ҳудуди 60 км сарҳади ду давлатро мувофиқа карда буданд.
Илова бар ин, зимни яке аз ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ, ки таҳти раёсати раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев рӯзи 2-юми октябр баргузор шуд, Протоколи №44 ба имзо расид. Тарафҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди сарҳад ба созишҳои усулӣ даст ёфтаанд ва ин санад барои ҳалли тамоми масоили марзӣ замина фароҳам меорад, аммо ҷузъиёти ин санад ошкор нашуд.
Баъди ҷаласаи рӯзи 1-уми декабри соли равон ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Вале дар робита ба кадом иншоотҳои истифодашаванда дар қаламрави якдигар ба мувофиқа расиданд ва ҳамчунин, масъалаи истифодаи роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло чӣ гуна ҳал шудааст, номаълум аст.
Дар ҳамин ҳол, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон дирӯз, 11-уми декабр, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва баҳори соли 2024 ба охир хоҳад расид.
“Дар сулҳу амонӣ ва ризоияти ҳамдигар зиндагӣ кунед. Гуфтушунидҳо оид ба сарҳад дар арафаи анҷомёбӣ аст. Фикр доштем, ки то Соли нави мелодӣ ба итмом мерасанд, лекин каме дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир расанд”, - иброз доштааст ӯ.
Қаблан, рӯзи 3-юми ноябр, дар ҳамоише Оқилбек Жапаров, раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфта буд, ки ҳарду кишвар тасмим доранд, то соли нав масъалаҳои марзиро ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста