Дар натиҷаи як вохӯрии дигари гурӯҳҳои корӣ оид ба муайян ва аломатгузории марз байни Тоҷикистону Қирғизистон боз 47,05 километри марз байни ду кишвар мувофиқа шудааст. Дар ин бора Девонии вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтааст, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад аз 8 то 14-уми декабр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.
“Дар ин ҷаласа гурӯҳҳои корӣ дар бораи 47,05 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар охири мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид”, - гуфта мешавад дар изҳороти ҷониби Қирғизистон.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон доир мегардад, корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.
Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охир ҳудуди 150 км марзи давлатии ду ҷониб мувофиқа карда шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи қаблӣ гурӯҳҳои корӣ дар мавриди 24 километр марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расида буданд.
Ду рӯз пеш аз ин, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.
Дар мулоқоти рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор дошта буданд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи замин ва иншооти дар қаламрави якдигарқарордошта ба мувофиқа расиданд.
Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста