Тоҷикистону Қирғизистон барои табодули мошинҳои боркаше, ки дар натиҷаи муноқишаи марзии байни ду кишвар дар қаламравӣ якдигар банд монда буданд, ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора сомонаи қирғизии “Turmush.kg” бо такя ба маркази матбуоти намояндагии президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки ин тавофуқ дар вохӯрии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси виилояти Суғд ва Абдукарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, ки дирӯз, 25-уми декабр, дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон сурат гирифт, ҳосил шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи вохӯрии Аҳмадзода ва Алимбоев дирӯз, 25-уми декабр, хабари расмӣ нашр кардааст, вале дар бораи иваз шудани мошинҳо ишора нест.
Дар иттилои расмӣ танҳо гуфта мешавад, ки ҷонибҳо нақшаи кории муштарак барои соли 2023-ро баррасӣ карда, “нақшаи чорабиниҳои муштарак миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2024 ба имзо расонида шуд.”
Сомонаи “Turmush.kg” менависад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон 5 мошини боркашро ба Қирғизистон ва Қирғизистон бошад 4 мошини боркашро ба Тоҷикистон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мошинҳои боркаш дар натиҷаи муноқишаи марзии соли 2022 дар қаламрави якдигар банд монда буданд ва онҳо ба сокинони манотиқи марзии ду кишвар тааллуқ доштанд.
Моҳи сентябри соли 2022 байни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи марзӣ сар зад, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Сомонаи “Turmush.kg” навиштааст, ки корҳо барои бозгардонидани мошинҳо бо супориши Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон сурат гирифтааст.
Ҷониби Тоҷикистон дар бораи бозгардонидани мошинҳои боркаш ба ҷониби Қирғизистон то ҳол чизе нагуфтааст.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охир ҳудуди 150 км марзи давлатии ду ҷониб мувофиқа карда шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи қаблӣ гурӯҳҳои корӣ дар мавриди 11,88 километр марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расида буданд.
Ду рӯз пеш аз ин, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.
Дар мулоқоти рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор дошта буданд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух - Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи замин ва иншооти дар қаламрави якдигар қарордошта ба мувофиқа расиданд.
Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.
Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста