Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, вазъият хусусан дар километрҳои аз 48 то 74-уми шоҳроҳ ниҳоят хавфнок пешгӯӣ мешавад.

Як рӯз пеш дар ин қитъа 4 ҳодисаи тармафароӣ сабт шуда, ба муваққатан маҳдуд кардани ҳаракати налиёт, асосан мошинҳои боркаш боис гардид.

1/2

“Ба воситаи техникаи махсус оқибатҳои тармафароӣ фавран бартараф гардида, айни замон роҳ барои ҳаракати тамоми навъи воситаҳои нақлиёт кушода аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигаҳдорӣ ва хидматрасонӣ ба иншооти ин роҳ аст.

Дар ширкат зикр карданд, ки кормандони филиали IRS ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи мазкур ҳамаҷониба тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Аммо обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки эҳтиёту ҳушёр мебояд буд, зеро рӯзҳои наздик дар шоҳроҳи Душанбе - Чанак хавфи зиёди тармафароиҳо дар назар аст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳафта дар қаламрави кишвар боришот дар назар набуда, ҳаво барои моҳи январ ғайриодӣ гарм мешавад.

Танҳо дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ рӯзи шанбе, 13 январ борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.