Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон, зодаи Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон бедарак шудааст. Ӯ тақрибан нуҳ моҳ пеш ҳангоми сафар ба Кобул нопадид шуд ва то кунун аз ӯ ҳеч нишоне пайдо накардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба як узви гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ” хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки таҳқиқ нишон дод, ки ӯро кочоқбарони маводи мухаддир боздошт кардаанд, вале ба куҷо бурдаанд, маълум нест.
“Мо як гурӯҳ кочоқбаронро боздошт кардем ва онҳо иқрор шуданд, ки ҳамроҳонашон Маҳдиро боздошт карданд, вале ба куҷо бурдаанд, то ҳанӯз барои мо маълум нест. Ҳамон рӯзе, ки ӯ аз наздикии Кобул гум шуда буд, на телефонаш кор кард ва на дигар худаш пайдо шуд,”—гуфтааст ҳамсуҳбати ин расона.
Дар бораи ҳуввияти қочоқбарон иттилоъ дода намешавад.
Ду манбаи Радиои Озодӣ аз идораи марзбонӣ дар вилояти Хатлон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки аз нопадид шудани ин шаҳрванди таҳти ҷустуҷӯ хабар доранд ва ба гумони онҳо Муҳаммад Шарифовро худи аъзоёни гуруҳ зиндонӣ ё нобуд кардаанд. Чунки ба гуфтаи онҳо, “вақтҳои ахир ӯ ҳеч нуфузе надошт ва одами муҳим ҳам набуд”.
Нозанин Юнусова, хоҳари Муҳаммад Шарифов, сокини ноҳияи Нуробод гуфтааст, як сол боз ӯ ҳеч тамосе бо онҳо нагирифтааст ва намедонанд, ки дар куҷост.
Муҳаммад Шарифов, сокини 30-солаи ноҳияи Нуробод аст, ки соли 2021 Толибон ӯро фармондеҳи Толибон дар панҷ вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, масъул гузошта буданд.
Ба навиштаи рӯзноами “Long War Journal” Арсалон Муҳаммад Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар минтақаи Рашт таваллуд шудааст ва соли 2014 ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пайвастааст.
“Ӯ ба дунболи падар ва бародари ҷиҳодияш, ки аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуданд, рафтааст. Аз сӯйи ин гурӯҳ мағшӯйӣ шуд ва аз сатҳи поёнӣ ба фармондеҳӣ расид”, - овардааст манбаъ.
Муҳаммад Шарипов бино ба маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон зодаи 27-солаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст. Падари ӯ Мирхоҷа Шарипов аз наздикони Амриддин Табаров - бунёдгузор ва раҳбари пешини гурӯҳи “Ансоруллоҳ” буд.
Муҳаммад Шарипов аз соли 2015 ин тараф аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯй қарор дорад.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста