Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки бо сабаби поинравии ҳарорат, роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард.
Кумита ба истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3-4 феврали соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар аксари ноҳияҳо барфу борон меборад ва дар баъзе ноҳияҳо рӯи 3-ум рӯзона ва рӯзи 4-уми феврал шабона бориши барфу борон шиддат мегирад.
Гуфта мешавад, ба истиснои ВМКБ рӯзҳои 1-4-уми феврали соли 2024 дар аксари ноҳияҳо туман фаромада, он метавонад мушкили дид дар масофаи то 500 метр боис гардад.
Рӯзҳои 1-2 феврал дамои ҳаво шабона дар баъзе ноҳияҳо то ба -15-20 дараҷа сардӣ мерасад. Ба сабаби коҳиши ҳарорати ҳаво рӯзҳои 1-4 феврал роҳҳои мошингард ях мебанданд ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Шабонарӯзи оянда, аниқтараш то 4-уми феврал дар навоҳии кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Борону барфи пуршиддат метавонад ба лағзиши тарма, резиши санг дар роҳҳо, афзоиши садамаҳо бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ғайра боис шавад.
“Ҳавои номусоид метавонад ба хатҳои интиқоли қувваи барқ осеб расонад, дарахтонро шиканад ва афтонад, боми хонаҳо осеб бинанд. Аз рӯ, ҳангоми гузар аз роҳҳо талош кунед аз зери дарахтон нагузаред, ҳамчунин аз сутунҳои сустниҳоди рекломҳо эҳтиёт кунед”, - тавсия дода мешавад ба шаҳрвандон.
Кумита аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.
Ҳамчунин бо эҳтиром хоҳиш мешавад дар чунин рӯзҳо сокинон аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода ба рақами 112 ва ё телефони қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 барои кумак муроҷиат кунанд.