Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои баргузории корҳои наҷотбахшӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ техникаи махсус гирифт.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, маросими таҳвили 6 адад техникаи махсус рӯзи 12 феврал бо иштироки раиси Кумита Рустам Назарзода ва намояндагони Лоиҳаи миллии идораи офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, техникаи мазкур  ҷиҳати роҳандозии корҳои садамавиву наҷот дар доираи татбиқи муштараки Лоиҳаи миллии КҲФ ва БОР оид ба идораи офатҳои табиӣ харида шудааст.

“Ҳамчунин аз ҷониби барномаи САҲА дар Тоҷикистон низ ба Кумита воситаҳои шиноварӣ барои воҳидҳои наҷот супурда шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

1/3

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи ин воситаҳои техникӣ барои роҳандозии корҳои фаврии наҷот ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ истифода хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.