Дар пайи мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд доир гардид, боз 1,11 км хатти сарҳади давлатӣ мувофиқа карда шудааст.
АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 11-18 феврали соли 2024 дар шаҳри Бустон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
“Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимонда корҳои муштараки саҳроӣ гузаронида, дар натиҷа 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд”, - менависад ин расона.
Таъкид мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид ва мулоқоти навбатӣ дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ин дуюмин мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2024 аст. Мулоқоти пешин аз 10 то 15-уми январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд ва зимни он 38,35 км сарҳади давлатӣ мувофиқа шуд.
Дар умум, мақомоти расмии ду кишвар таъкид мекунанд, ки давоми бештар аз чор моҳи охир 196 км хати сарҳади давлатӣ муайяну мувофиқа шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.