Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иқтидори борбардории сутунҳоро дар бинои маҷмааи истиқоматии «Чорсу Плаза», ки сохтмонаш ҷараён дорад, мавриди озмоиш қарор доданд. Ин усули озмоишӣ дар пайи заминларзаи соли 2023 дар Туркия ва Сурия таҳия шудааст, ки хисороти ҷиддӣ ва талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд.

Санҷишҳо аз ҷониби лабораторияи махсуси озмоиши сутунҳои таҳкурсии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гузаронида шуданд.

Санҷишҳо бо истифода аз домкратҳои гидравликӣ гузаронида шуданд, ки фишорро ба сутунҳои такягоҳӣ тадриҷан зиёд мекард. Дар баробари ин, маълумот дар бораи ҷойгирӣ ва тағйири шакли сутунҳо сабт шуда, инчунин онҳо бо нишондиҳандаҳои ҳисобшуда муқоиса карда шуданд.

Сурат: Asia-Plus

Бо ин роҳ муайян кардан мумкин буд, ки сутунҳои интихобшуда то чӣ андоза барои лоиҳаи мазкур мувофиқанд ва борбардории ҳадди ниҳоии онҳо чӣ қадар аст.

Ба рӯзноманигорон имкон дода шуд, ки рафти санҷишҳоро мушоҳида кунанд ва ба мутахассисон саволҳо диҳанд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмоиш маҷмаае, ки сохта мешавад (паймонкор - ширкати сохтмони “Бинокорон”) чунон ки маълум шуд, ба заминҷунбии то 9 балл тобовар аст, ки ин ба бехатарӣ ва эътимоднокии он кафолат медиҳад. Ба ҳар ҳол, мутахассисони Кумита чунин изҳори назар карданд.

Озмоишгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сутунҳоро барои лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ месанҷад ва барои интихоби беҳтарину қавитарини андоза, навъ ва тарҳи сутунҳои такягоҳ кумак мекунад. Ин барои бунёди таҳкурсии устувору қавӣ, ки дар зери таъсири зилзила вайрон нашавад, муҳим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.