Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастикам 9 нафарро барои робита бо гумонбарони ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ва ҳамкорӣ бо Давлати исломӣ* (ДОИШ) боздошт кардаанд.
Ин хабарро як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти қудратии Тоҷикистон тасдиқ кард, аммо маълумоти бештар надод. Ҳамин қадар иттилоъ дод, ки ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Ваҳдат буда, аз сӯйи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ давоми ҳафтаи равон дастгир шудаанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав, ки беш аз 140 куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт,дар Русия дастикам 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд.
Дар пайи ин , тибқи иттилои хабаргузории русии “РИА Новости”, мақомоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии Русия наздикони гумонбарони боздоштшуданро бозпурсӣ карданд. Бархе наздикони гумонбаронро озод карда, бархеи дигар ҳамоно дар бозпурсӣ қарор доранд.
Яке аз гумонбарон Саидакрам Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои “Радиои Озодӣ” пас аз ҳамлаи террористӣ мақомоти қудратии Тоҷикистон модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, бозпурсӣ кардаанд.
Айни ҳол маълум нест, ки 9 нафари боздоштшуда ба Саидакрам Раҷабализода ва дигар гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Маскав чӣ робита ва наздикӣ доранд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти 9 сокини Ваҳдат изҳори бехабарӣ кард. Ба мо муяссар нашуд, ки ин иттилоъро мустақиман аз КДАМ тасдиқ ё рад кунем.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар - Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.
Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.
Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта имрӯз Кумитаи тафтишоти Русия иттилоъ дод ва гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.
Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.