Дар Русия як нафари дигар бо гумони робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шудааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.

Расонаи Meduza менависад, ки тибқи иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшуда “дар маблағгузории терроризм ширкат кардааст”.

Дар гузориши Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи кор бо террористҳои боздоштшуда далели иртиботи онҳо бо миллатгароёни украинӣ ба даст оварда шудааст”.

“Тафтишот дар ихтиёри худ маълумотро тасдиқшудае дорад, ки омилони ҳамлаи террористӣ аз Украина пули зиёд ва криптовалюта дарёфт кардаанд, ки дар омодасозии ҷиноят истифода шудааст”, - гуфта мешавад дар изҳорот.

Ин ниҳод ҷузъиёти дигаре надодааст.

Пештар аз ин, 23-юми март, Хадамоти бехатарии федеролӣ аз боздошти 11 нафар дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буд.

Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.