Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба боздошти Илҳом Сайраҳмонзода, шаҳрванди Тоҷикистон дар Италия бо гумони узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* гуфт, ӯ аз соли 2018 дар ҷустуҷӯи расмӣ буд ва бо дархости Тоҷикистон боздошт шуд.
Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки дар шаҳри Рум як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро бо гумони терроризм ва узвият ба гурӯҳи террористии ДОИШ боздошт кардаанд. Ин мард ҳангоми вуруд аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум боздошт шуд.
ВКД Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки Илҳом Сайраҳмонзода, шаҳрванди Тоҷикистон буда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва 32-сола аст.
“Номбурда аз ҷониби Бюрои Маркази миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2018 барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Ин ниҳод гуфт, Сайраҳмонзода “зимни ҳамкориҳои муштараки ҷонибҳо дастгир карда шудааст”.
ВКД бе овардани шарҳи бештар гуфт, талош доранд Илҳом Сайраҳмонзода ба Тоҷикистон истирдод шавад. Мақомоти Италия ҳам гуфта буданд, ки масъалаи истирдоди ӯро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ доранд.
Ба иттилои хабаргузории “ANSA”, "Сайраҳмонзода аз соли 2014 узви фаъоли созмони террористии ДОИШ буда, бо истифода аз санадҳои қалбакӣ (тахаллуси гуногун ва санаи таваллуд) аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, худро зодаи Ӯзбакистон, Қирғизистон ё Украина вонамуд мекардааст".
Расонаҳо навиштаанд, ӯ ба қочоқи силоҳ дар Украина гунаҳкор шуда, дар моҳи июли соли 2023 дар Белгия низ боздошт гардид, вале зуд раҳо ёфт.
Бояд гуфт, ки баъди пайдоиши ДОИШ дар соли 2014 садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳи ифротгаро дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон пайвастанд. Теъдоде аз онҳо дар амалиётҳо иштирок кардаву кушта шуданд, теъдоде ба кишварҳои дигар фирор намуданд. Қисме ҳам боздошту ба Тоҷикистон оварда шуданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста