Рӯзҳои 12-13 апрели соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сокинони кишварро огоҳ мекунад, ки ғайр аз ин бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯӯҳо барои ғунучини гиёҳҳои доруворӣ, ҳезум, ба шикоргоҳҳо барои шикор ва соҳили обҳо барои моҳидориӣ маслиҳат нест.

Ҳамчунин аз сокинони маҳалҳо дархост мешавад, ки бояд каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳои назди манзили зисти худро сари вақт тоза кунанд.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ хотиррасон мекунад, ки ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.