Дар парвандаи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав зиёда аз 1700 нафар ҷабрдида эътироф шуданд. Ҳамаи онҳо бозпурсӣ шудаанд.
Тавре ки Медиазона хабар медиҳад, дар ин бора дар қарори додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав дар бораи тамдиди муҳлати ҳабси 4 нафар гумонбаршуда дар парванда сухан меравад.
Гуфта мешавад, зиёда аз 800 нафар аз рӯи ин парванда шоҳид дониста мешаванд. Ба 20 нафар айбнома пешниҳод шуда, 18 нафари онҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор доранд.
“Зиёда аз 1700 нафар ҷарбрдида эътироф гардида, бозпурсӣ шуданд, - омадааст дар қарор. - Беш аз 800 нафар ба сифати шоҳидон бозпурсӣ шуданд”.
Тавре ки нашрия менависад, аз 20 нафари айбдоршаванда 2 нафарро бо баёноти тарк накардани маҳалли зист рухсат додаанд. Шояд онҳо кормандони “Крокус” мебошанд, ки ба хидматрасонии ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда бар асари маҳкам будани дарҳо айбдор карда мешаванд.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти тафтишот, дар робита ба парвандаи амали террористӣ зиёда аз 20 кофтуков гузаронида шуда, ҳудуди 650 ташхиси додгоҳӣ аз қабли баллистикӣ, бехатарии сӯхтору техникӣ ва муҳандисиву сохтмонӣ таъин шудааст.
Миёни айбдоршавандагон ҳам иҷрокунандагони эҳтимолии амали террористӣ ва ҳамчунин соҳиби мошине, ки онҳо аз он истифода бурданд, ҳузур доранд. Дар Маскав 12 нафар, дар Доғистон - 5 ва дар Твер - 1 нафари гумонбарон ба содир намудани ин ҷиноят ба ҳабс гирифта шудаанд.
Пас аз як рӯзи амали террористӣ шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки ҳукумати шаҳру вилояти Маскав ба ҷабрдидагон аз 500 000 то 3 млн рубл пардохт мекунанд. Губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев зикр кард, ки ба наздикони фавтидагон 3 млн рублӣ медиҳанд.
Рӯзи 29 май “РИА Новости” хабар дод, ки ширкатҳои суғурта ба ҷабрдидагон ва пайвандони фавтидагон дар амали террористӣ дар “Крокус” зиёда аз 21 млн рубл пардохт кардаанд. Хабаргузорӣ навишт, ки ин ҳоло маблағи ниҳоӣ нест.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста