Дар ин замина байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Сипар Групп” созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки созишнома рӯзи 12-уми август дар бинои ин Кумита ба имзо расид.
“Ширкати “Сипар Групп” тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми 15 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон корхонаи насбу васли 17 намуд нақлиёти махсусро бо таъсиси беш аз 100 ҷойи нави кор таъсис диҳад. Дар ин замина байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати “Сипар Групп” оид ба ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ҷамъу васли то 120 мошини махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба амалишавии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода фаъолияти ҶДММ “Сипар гурӯҳ”-ро, ки самти фаъолияти асосии он ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ аст, ба истифода дода буд.
Ҳамон замон гуфта мешуд, ки дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда мешавад.
Қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.
Гуфта мешуд, ки мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шуда, оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ барқияи тасаллӣ ирсол кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста