Ҳафтаи гузашта мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 17-уми августи соли 2024, дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
“Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд”, - менависад ин хабаргузорӣ.
Аммо мушаххасан баҳсҳо сари кадом қитъаҳои баҳснок идома карда, чӣ пешниҳод ироа гардид, зикр намешавад.
Танҳо зикр мешавад, ки ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вале муҳтавои протоколи имзошуда маълум нест.
Бояд гуфт, ин мулоқоти дуюми ҳайати ду кишвар дар моҳи август аст. Пештар аз ин низ ҳайати ду кишвар дар Бонтканд мулоқот карда буданд ва дар он асосан масоили тақсими об баррасӣ гардида буд.
Аввали ҳамин моҳ зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев изҳор намуд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат - ду-се моҳи оянда роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.
Охири моҳи гузашта бошад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода буд, ки 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст.
Бояд гуфт, тайи чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста