Вакили дифои Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Cити Ҳолл” дар канори Маскав аз қарори додгоҳ дар мавриди тамдиди ҳабси пешакии зерҳимояаш шикоят кардааст.
Дар ин бораи хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, менависад, ки “маълумоти дахлдор дар картотекаи электронии парванда сабт шудааст”.
“Додгоҳ шикояти Файзовро дар картотека сабт кардааст”, - менасиад ТАСС.
Бояд гуфт, муҳлати ҳабси пешакии Муҳаммадсобир Файзов якҷо бо се гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” 16-уми август аз Додгоҳи Басманнийи Маскав маротибаи дуюм барои 3 моҳ тамдид карда шуд. Ӯ ҳамакнун то 22-юми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ хоҳад буд.
Як рӯз баъди ин қарори додгоҳ ТАСС навишт, “вакили дифои Муҳаммадсобир Файзов аз додгоҳ хост, бо сабаби вазъи бади саломатӣ зерҳимояаш аз ҳасб дар боздоштгоҳ раҳо карда шавад”.
Зоҳиран, ин дархост низ рад карда шудааст.
Муҳаммадсобир Файзов 20 сол дошта, пеш аз боздошт дар яке аз сартарошхонаҳои шаҳри Ивановои Русия ба ҳайси сартарош кор мекард. Бархе аз муштариён маҳз барои хидмати ӯ ба ин сартарошхона меомадаанд.
Ӯ рӯзи 23-юми март бо се тан аз гумонбарони дигари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” - Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин боздошт шуд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса дар умум 18 нафар дар боздошт қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста