Раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон аз кишварҳои узви СҲШ ва ИДМ хост, Афғонистонро дар мубориза бо “ДИИШ-Хуросон” (Вилояти Хуросон) дастгирӣ намоянд.
Ба навиштаи хабаргузории давлатии УЗА, Абдусалим Азизов, роҳбари Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ин нуктаро дар ҷараёни Конфронси даҳуми байналхалқии илмӣ-амалии Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ ва Конфронси дуюми ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки рӯзҳои 4-5 сентябр дар шаҳри Тошканд мегузарад, зикр кардааст.
Ӯ гуфтааст, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм аз кишварҳои мо иттиҳоди қувва ва чораҳои амалишавандаро талаб мекунад.
“Ҳукумати Афғонистон бо такя ба имконияту захираҳои худ ба терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад. Хадамоти махсуси Афғонистон дар “хати пеш”-и мубориза бо ДИИШ қарор дорад ва ба натиҷаҳои муайян ноил шуда истодааст. Аз ин рӯ, набояд шарикони афғонистониро бо ин мушкилӣ танҳо гузошт ва дар такя ба усули “амнияти ҷудонопазир” душманро якҷо мағлуб кард”, - гуфтааст Абдусалим Азизов.
Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо бо талошҳои муштарак, фаъолияти ҳамоҳангшуда, дар асоси эътимоди мутақобила ва табодули иттилооту таҷриба дар самти мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва муқобилат ба таҳдиди киберӣ метавон амнияту суботи давлатҳои аъзои созмонро ҳифз кард.
Бояд гуфт, гурӯҳи террористии “Вилоят Хуросон” як шохаи ДИИШ дар Афғонистон буда, дар ҷалби ҷавонони Осиёи Марказӣ ва роҳандозии амалиётҳои гуногуни террористӣ даст дорад. Аз ҷумла, масъулияти ҳамла ба “Крокус Сити Холл”-и Маскавро низ гурӯҳи мазкур ба зимма гирифтааст.
Толибон*, ки имрӯз зимоми қудрат дар Афғонистонро дар даст доранд, иддао мекунанд, ки бо гуруҳи террористии ДИИШ, аз ҷумла бо шохаи Вилояти Хуросони он мубориза мебаранд. Аммо аксари коршиносони минтақавӣ ва байналмилалӣ Афғонистонро лонаи созмонҳои террористӣ меноманд, ки дар аҳди Толибон мавқеашонро тақвият медиҳанд.
Муттахассисон ва мақомоти бисёр кишварҳои минтақа низ мунтазам аз хатарҳои фаъолияти “ДИИШ-Хуросон” (“Вилояти Хуросон”) ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Чанде пештар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, зимни суханронӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии СААД дар Алмато, зикр кард, ки “Афғонистон боз ба манбаи терроризм табдил ёфтааст ва дар ҳудуди он даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мавқеи худро мустаҳкам мекунанд”.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон* қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста