Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони кишварро, ки дар пайгарди ҷиноятӣ қарор доранду дар Туркия иқомат мекунанд, ба Меҳмет Сағлам, муовини вазири корҳои дохилии Туркия супоридааст. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтааст, ки вохӯрии Раҳимзода бо Сағлам рӯзи 9-уми сентябри соли равон дар ҳошияи Форум оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Чин доир гардид.
Ин ниҳод мегӯяд, ҷонибҳо ҳамчунин, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон ва лағви раводидро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, вусъат бахшидани мурофиаи истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид мавриди баррасӣ қарор доданд”, - гуфта мешавад дар хабари ВКД.
Маълум нест, ки ҷонибҳо мушаххас кадом паҳлӯи лағви раводид байни ду кишварро баррасӣ карданд ва ба чӣ натиҷа расиданд.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Туркия реҷаи 90-рӯзаи бидуни раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда, ин қарори худро ба таъмини амният рабт дод.
Давоми чанд соли охир, бархе аз мухолифини Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд, ки аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳанда мешаванд. Вале дар бештари ҳолатҳо дар доираи ҳамкориҳо бо ин кишварҳо бархеи онҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карда мешаванд.
Дар Туркия ҳам чанде аз намояндагони мухолифини Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.
Дар чанд соли охир роҳбарони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтоёни хориҷиашон бештар ба мавзӯи боздошту истирдоди шахсони дар пайгард қарордошта аҳамият медиҳанд.
Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода дар мулоқоти худ бо ҳамтои итолиявиаш нигаронӣ карда буд, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд”.
Дар соли 2024 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо ва Туркия расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодшуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кофтуков қарор доштанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд. 76 нафар дар Русия ва 4 нафар дар Қазоқистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Дар соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли 2022 100 нафар бештар аст.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо созишномаи истирдоди ҷинояткоронро ба имзо расонидааст ва ё онро баррасӣ дорад дар маводи "Истирдоди гумонбарон ва ҷинояткорон. Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома имзо кардааст ё онро баррасӣ дорад?" хонед.
Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Барои кадом амалҳо дар интернет шуморо метавонанд дар Русия ҳабс кунанд?
Дар Душанбе ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён карданд
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста