Дар парвандаи ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорск метавонанд иштирокчиёни нав пайдо шаванд. Хабаргузории ТАСС бо маводи парвандае, ки дар онҳо дар ин бора сухан меравад, шинос шудааст.
Аз ҷумла, дар қарори суд оид ба тамдиди муҳлати ҳабси Муҳаммад Шарифзода гуфта мешавад, ки дар озодӣ ӯ метавонад бо «дигар ҳаммаслакони номаълуми ҷиноят» тамос бигирад.
«Тафтишот бар ин назар аст, ки дар озодӣ Шарифзода М.З. метавонад аз мақомоти пешакии тафтишот ва додгоҳ пинҳон шавад, ба фаъолияти ҷинояткоронаи худ идома диҳад, бо дигар ҳаммаслакони номаълуми ҷиноят, ки ҳоло муайян нашудаанд, ҳамкорӣ кунад, далелҳоро, ки ҷамъоварии онҳо то ҳол ба анҷом нарасидааст, нобуд созад», — омадааст дар ҳуҷҷат.
Муҳаммад Шарифзода, ки дар хабар зикр шудааст, моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт шуда, ахиран додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро то ноябр дароз кард. Тибқи изҳороти Кумитаи тафтишоти Русия, айбдоршаванда қисман гуноҳи худро эътироф карда, омода аст бо тафтишот ҳамкорӣ кунад.
Инчунин дар маводи парвандаҳо зикр шудааст, ки яке аз айбдоршавандагон Ёқубҷон Юсуфзода ният дошт, ки пас аз содир шудани амали террористӣ аз Русия ба хориҷа фирор кунад.
«Муфаттиш ба додгоҳ бо дархости интихоби чораи пешгирикунанда барои Юсуфзода дар шакли ҳабси пешакӣ муроҷиат намуда, зикр кардааст, ки Юсуфзода ақидаҳои ифротии исломро дастгирӣ мекунад, мавқеи муборизаи мусаллаҳонаро алайҳи онҳое, ки ақидаҳои динии ӯро намепазиранд, ҷонибдорӣ менамояд ва баъд аз содир шудани ҳамлаи террористӣ ният дошт бо дастури ташкилкунандагони ҷиноят аз ҳудуди Русия берун равад, далелҳо ва воситаҳои содир кардани ҷиноятро нобуд созад, аз ин рӯ, муфаттиш чунин мешуморад, ки дар озодӣ ӯ метавонад аз тафтишот ва додгоҳ, аз ҷумла дар берун аз ҳудуди Русия, пинҳон шавад», — омадааст дар қарори Додгоҳи шаҳри Маскав дар робита ба шикоят дар мавриди ҳабси Юсуфзода.
Мувофиқи фарзияи тафтишот, шаҳрванд Ёқубҷон Юсуфзода ба иҷрокунандагони амали террористӣ дар пардохти иҷораи хонаи истиқоматӣ, ки онҳо пеш аз содир кардани ҷиноят дар он зиндагӣ мекарданд, кумак кардааст.
Тибқи маълумоти ТАСС, мақомоти тафтишоти Русия барои таҳқиқи ҳамла ба «Крокус» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи се давлати дигар кумак хостааст.
«Ба мақомоти дахлдори се давлати хориҷӣ ҳашт дархост дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ирсол шудааст, инчунин дигар амалҳои тафтишотӣ ва мурофиавӣ барои муайян кардани ҳамаи шароитҳои ҷиноят анҷом дода шудаанд», — омадааст дар яке аз ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёри ТАСС қарор гирифтааст.
Дар он ҳамчунин зикр шудааст, ки аз рӯи ин парванда зиёда аз 1,7 ҳазор нафар ҳамчун ҷабрдида бозпурсӣ шуда, зиёда аз 800 нафар ҳамчун шоҳид пурсида шудаанд. Беш аз 20 кофтуков ва зиёда аз 65 санҷиши ҷойҳои ҳодиса гузаронида шуда, зиёда аз 650 ташхисҳои додгоҳӣ судӣ таъин шудаанд.
Амали террористӣ дар «Крокус» шоми 22 март содир шуда, бар асари он 144 нафар ҳалок ва 551 нафар ҷароҳат бардоштанд. Субҳи рӯзи 23 март дар вилояти Брянск 4 нафар гумонбарон боздошт шуданд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов. Баъдан боз 7 ёвари эҳтимолии ҳамлаварон боздошт ва ҳабс шуданд: бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ва падарашон Исроил Исломов, Алишер Қосимов, Лутфуллои Назирмад, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода.
Бино ба маълуомти директори Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия Александр Бортников, дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус” ба сурати умум зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд.
Рӯзи 19 август Додгоҳи ноҳияи Басмании шаҳри Маскав муҳлати ҳабси Лутфулло Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзодаро то се моҳ тамдид кард.
Вобаста ба ҳодисаи ҳамла ба толори консертии «Крокус» дар маҷмӯъ 14 зодаи Тоҷикистон боздошт шудаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ки пас аз ин ҳамла вазъи онҳо дар Русия бадтар шудааст.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста