Имрӯз, 1-уми октябр, дар рӯзи нахустини маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), навоҳии минтақаи Рашт ва баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар доданд.

Ҳукумати ВМКБ хабар додааст, ки имсол низ дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ нақшаро 100% иҷро карданд.

Ба иттилдои манбаъ, 6 сол аст, ки ин вилоят дар рӯзи нахустини маъракаи даъвати ҳарбӣ нахустин шуда нақшаро ба ба сафи артиши Тоҷикистон пурра иҷро мекунад.

“Хизмат кардан ба Ватан- ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад”,-гуфтааст Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ зимни гусели наваскарон ба хидмат.

Шаҳру навоҳии минтақаи Рашт ҳам дар рӯзи нахустини давъат аз иҷрои нақша хабар доданд.

Ҳукумати ноҳияи Рашт бо пахши як хабар навишт, ки ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва  Рашт нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100% иҷро кардаанд.

Маросими гусели наваскарон ба Артиш
Ҳукумати ВМКБ

Ҳамчунин, аз ҳукумати вилояти Хатлон ҳам ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷайҳун, Бохтар, Левакант ва Норак ҳам дар рӯзи аввали маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро кардаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфт, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ҳудуди вилоят пагоҳ, 2-юми октябр 100% иҷро мешавад.

 

Чӣ гуна нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи аввал иҷро шуд?

Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд. Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Вале коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш шудани нақша мебошад.

Маросими гусели наваскарон ба Артиш
Акс аз ҳукумати Хатлон

Қаблан, Дилрабо Самадова, раиси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки фаъолияташ ба ҳимояи аскарон равон шудааст, гуфта буд, ки афзоиши бештари ихтиёриён ба артиш, каму зиёд будани нақшаи даъват дар шаҳру ноҳияҳо аз омилҳои аслии иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзӣ аввал  аст.

-  Як моҳ пештар омӯзиш ё омодагӣ ба маъракаи даъват оғоз мешавад. Ҳар комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллие, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монад, нақшаро зудтар иҷро мекунад”, - гуфт Дилрабо Самадова.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, тағйиру иловаҳое, ки соли 2020 ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ворид карда шуду тибқи он соҳибони дипломи макотиби олӣ ҳам бояд ба артиш раванд ва  танҳо баъди хизмат метавонанд дар мақомоти қудратӣ кор кунанд, низ сабаби дар баъзе минтақаҳо иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал гардид.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар ин назаранд, ки мақомоти маҳаллӣ баъди имзои қонун дар бораи даъвати ҳарбӣ аз ҷониби президент ба маъракаи даъват оғоз мекунанд ва бо роҳҳои фишор ба оилаи даъватшавандагон ва худи онҳо ҷавононро ба артиш ҷалб менамоянд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Имсол тибқи фармони президент ҷавонони аз 18 то 27 солаи ба артиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом мекунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.