Дар парвандаи ҷиноятии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”-и канораи Маскав номи чор гумонбари нав пайдо шудааст, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони Русия мебошанд. Онҳо сокинони Ингушистон Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Хаваж-Багаудин Алиев ва Ботур (Батир) Кулаев мебошанд. Дар ин бораи рӯзномаи “Коммерсант” бидуни ишора ба манбаъ иттилоъ додааст.
Ин нашрия навиштааст, ки онҳо ба иҷрокунандагони ҳамла силоҳ, махсусан автомати Колашников ва тирдон дастрас кардаанд.
Онҳо ба гардиши ғайриқонунии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи тарканда (қисми 5 моддаи 222 КҶ ва қисми 3 моддаи 222.1 КҶ ФР) айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои “Коммерсант”, тафтишот аллакай парвандаи онҳоро бо парвандаи ҳамла ба “Крокус” якҷо кардааст.
Кормандони Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) Ҳусейн Медов ва Ҷабраил Аушевро дар Ингушистон боздошт карданд. Онҳо аллакай ба ҳабс гирифта шуда, ба Маскав – маконе, ки дигар гумонбарони ҳамла қарор доранд, интиқол ёфтаанд. Хаваж-Багаудин Алиев ва Ботур (Батир) Кулаев таҳти пайгард қарор доранд.
Тафтишот онҳоро ба он гумонбар кардааст, ки автоматҳои Калашниковро бо тирдонҳояш бар ивази беш аз 1 млн рубл ба иҷрокунандагони теракт додаанд.
Вакилони дифои айбдоршавандагон ба “Коммерсант” хабар доданд, ки нафарони таҳти ҳимояти онҳо иштирок дар ҳамла ба “Крокус”-ро рад мекунанд, вале иштироки худро дар гардиши ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ эътироф кардаанд.
Тафтишот бар ин аст, ки гумонбарон эҳтимол бо ҷиноҳи ҳарбии мамнӯи “Батал-Хоҷи Белхороев”, инчунин, бо хадамоти махсуси Украина алоқа дошта бошанд.
Пештар, мақомоти Русия фарзияи “пайванди украинӣ”-ро дар парвандаи теракт дар “Крокус” зикр карда буд.
Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав шоми 22-юми март содир шуд ва бар асари он 145 нафар ҳалок ва 550 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Субҳи рӯзи 23 март дар вилояти Брянск 4 гумонбари асосии ин ҳамла, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, боздошт шуданд. Онҳо Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов мебошанд. Зимни боздошт дар сару рӯи онҳо осори зарбу лат дида мешуд. Наздикони боздоштшудаҳо ва созмонҳои ҳуқуқи инсон бовар надоранд, ки онҳо чунин амалеро содир карда бошанд.
Баъдан боз 7 ёвари эҳтимолии ҳамлаварон боздошт ва ҳабс шуданд. Инҳо бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ва падарашон Исроил Исломов, Алишер Қосимов, Лутфуллои Назирмад, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода мебошанд.
Бино ба маълумоти директори Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия Александр Бортников, дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус” ба сурати умум зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд. 14 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ҳамчунин як шаҳрванди Қирғизистон ҳам ҳаст. Муҳлати ҳабси ҳамаи гумонбарони то охири моҳи ноябри соли равон тамдид карда шудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста