Субҳи имрӯз, 28-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ имрӯз, 28-уми ноябр, дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Дар он роҳбарони панҷ кишвари аъзои СААД -Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими амниятӣ иштирок мекунанд.
Арманистон, шашумин кишвари аъзои ин паймон пештар эълом карда буд, ки узвияти худро боздошта, нақша дорад паймонро тарк кунад. Роҳбарияти ин кишвар иддао доранд, ки СААД дар муноқишаи Арманистон бо Озарбойҷон аз мавқеи онҳо ба таври зарурӣ ҳимоят накард.
Таҳкими сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон низ аз ҷумлаи масоили баррасишавандаи ин ҳамоиш мебошад.
Ҳамчунин, сарони давлатҳои аъзо омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро баррасӣ хоҳанд кард.
Соли оянда раёсати СААД ба зиммаи Қирғизистон вогузор мешавад ва дар назар аст, дар ҳамоиши Остона ин кишвар нақшаву барномаҳояшро муаррифӣ намояд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста