Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбии баҳорӣ хабар дод. Ин ниҳод гуфт, нишондиҳандаи давъват дар як моҳ “пеш аз муҳлат” 100% иҷро шуд.
Даъвати баҳорӣ дар кишвар 2 моҳ идома мекунад ва ҷавонони синни аз 18 то 27 сола ба артиш ҷалб мешаванд.
Вазорати дифоъ гуфтаст, ки иҷрои пурраи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат “натиҷаи ҳамкории доимии мақомот бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо мебошад”.
Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
Қаблан, Вазорати мудофиа хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи маъракаи даъват он 80% иҷро шудааст.
Аз ин пештар, ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш хабар дода буданд.
Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуд ва он то охири моҳи май давом мекунад. Имсол тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1998-2007) ба артиш ҷалб мешаванд.
Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Дар ҷараёни маъракаи даъват ба сафи Артиш ҳамеша аз сарбозшикор ё “облава” низ хабару наворҳо нашр мегарданд. Агар мавриди “сарбозшикор” қарор гирифтед, чӣ бояд кард? Ба саволҳои худ дар матлаби “Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед? посух гиред.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста