Бо гузашти панҷ рӯз аз дарагирӣ миёни Исроил ва Эрон, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломӣ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар дар Эрон хост, ки барои хориҷ шудан аз ин кишвар аз гузаргоҳҳои сарҳадии Туркманистон ва Озарбойҷон истифода кунанд.
Ин ниҳоди дипломатӣ шоми дирӯз, 17-ми июн навишт, ки барои баргаштани шаҳрвандони кишвар дар сафорат “ситод бо навбатдории шабонарӯзӣ таъсис додааст”.
“Аз шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати баромадан аз кишвар гузаргоҳҳои сарҳадии “Боҷгирон”-и Эрону Туркманистон ва “Астара”-и Эрону Озарбойҷон истифода кунанд. Барои баромадан аз Эрон аз тариқи ин ду гузаргоҳи марзӣ бояд ҳамоҳангиҳо бо мақомоти марбутаи Эрон ва Туркманистону Озарбойҷон сурат гирад, ки онро Сафорат анҷом медиҳад”, - навиштааст сафорат.
Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки шаҳрвандоне, ки нияти хориҷ шудан аз Эронро доранд, метавонанд бо рақамҳои +982122299584, +982122834650, +989334297865, +989304334234, +989104519815, +989367903297 ва почтаи электронии [email protected] муроҷиат кунанд.
Намояндагӣ таъкид кардааст, ки шаҳрвандон ба почтаи электронӣ нусхаҳои шиносномаи хориҷии худро бо зикри шумораи ватсап ё телефони мобилии эронии худ ирсол кунанд.

Ёдрас мешавем, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон тавассути сарҳади Туркманистон ва Озорбойҷон, ин икшварро тарк карданд.
Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 30 шаҳрванди кишвар аллакай ин кишварро тарк карда, 100 тани дигар барои хориҷ шудан аз ин кишвар худро номнавис кардаанд.
Ӯ таъкид карда буд, ки бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрист ва ба касе амр нашудааст, ки хоки Эронро тарк кунанд.
Ҳамчунин, дар пайи даргирӣ ва баста шудани фазои ҳавоии Эрон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airline” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шудааст.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил ба Эрон ҳамла кард. Дар посух ба ин ҳамла, Эрон шаби 14-уми июн дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод.
Даргирӣ миёни Исроил ва Эрон рӯзи шашум аст, ки давом дорад. То ин лаҳза садҳо нафар аз ҳарду тараф кушта ва ҳазорҳо тан маҷруҳ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста