Сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта, беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир мусодира кардаанд.
АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабар додааст, ки убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз тарафи гурӯҳи чорнафараи қочоқбари мусаллаҳи афғонистонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Панҷоб”-и минтақаи наздисарҳадии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ошкор ва пешгирӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми кӯшиши убури сарҳад қочоқбарон “ба амри кормандони амниятӣ ва сарҳадбонон барои таслим шудан итоат накарда, аз силоҳу лавозимоти ҷангии дар ихтиёрашон дошта муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд”.
Дар ниҳоят қочоқбарон бо сарҳадбонон даргир шудаанд, ки саркардаи гурӯҳи қочоқбар Маҳмадҳошим валади Миракбар кушта шуда, се тани дигар ба ҷониби Афғонистон фирор кардаанд.
Ба навиштаи манбаъ, Миракбар марди 50 сола, зодаи қарияи Навободи вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори Афғонистон будааст.
Аз ҷойи ҳодиса чунин чизҳо пайдо ва мусодира шудаанд:
- 1 автомати Калашников АК-74;
- 3 тирдон ва 87 дона тири қутраш 7,62
- 71 килограмму 929 грам нашъаи навъи ҳашиш.

Дар пайи ҳодиса аз ҷониби КДАМ бо моддаҳои 200, қисми 4, банди “д”, 289, қисми 3, 335, қисми 2 ва 195, қисми 2, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Аммо замони дақиқи рух додани ин ҳодисаро КДАМ нагуфтааст.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомот аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб хабар медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маводи мухаддир аксаран аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ки марзи дарозтарин дорад, қочоқ мешавад.
Чанде пеш ҳам дар вилояти Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ, бо гумони муомилоти қариб 180 кг маводи мухаддир, ки аз Афғонистон қочоқ карда, мехостанд ба хориҷи кишвар баранд, боздошт шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.
Инчунин соли гузашта дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 140 ҳолат ё 20% афзудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста