Дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бунёди як паноҳгоҳ барои гурезагон идома дорад ва интизор меравад, ки он соли 2028 ба истифода дода шавад. Дар ин бора, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дирӯз, 4-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин паноҳгоҳ калон буда, то ҳол корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аммо ӯ аз ҳеҷ рақаме ҳарф назад.
Раиси Кумита гуфт, он гурезагоне, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, дар шаҳру навоҳии кишвар ҷобаҷо шудаанд.
Бояд гуфт, гурезагон асосан дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон будубош доранд.
Ҳамчунин, Кумита дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо муайян намудааст, ки ҳоло ягон эҳтимоли ҷиддӣ вобаста ба омадани гурӯҳи калони гурезагон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Бояд гуфт, масъалаи бунёди паноҳгоҳ ва ё урдугоҳҳо барои гурезагон замоне доғ гардид, ки соли 2021 дар Афғонистон Толибон* ба сари қудрат омаданд ва афғонистониёни зиёде дар Тоҷикистон паноҳ бурданд.

Моҳи сентябри соли 2021 Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки барои бунёди паноҳгоҳ кӯмаке аз созмонҳои ҷаҳонӣ дарёфт нашудааст ва “имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯён вуҷуд надорад”.
Он замон ӯ гуфта буд, бо мақсади сохтани урдугоҳҳо ҷиҳати қабулу бо шароити мусоид таъмин кардани гурезаҳо Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва ВМКБ 70 га замин ҷудо кардааст.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон низ гуфта буд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ ба сохтмони паноҳгоҳ дар ноҳияи Ҷайҳун машғул аст.
Бо ишғол шудани минтақаҳои шимолии Афғонистон аз тарафи Толибон дар аввали моҳи июли соли 2021 садҳо шаҳрвандони Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.
Он замон Рамазон Раҳимзода гуфта буд, ки танҳо дар 15 соли охир Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор гурезаи афғонистониро қабул намуда, инчунин баъди аз ҷониби "Толибон" тасарруф гардидани Кобул, ҳудуди 5 ҳазор нафар низомиёни афғонистонӣ сарҳади Тоҷикистонро убур кардаанд.



“Монед рӯи бачаамро бинанд”. Гузориш аз маросими ҷанозаи Қобилҷон Алиев, навраси дар Русия кушташудаи тоҷик
Муттаҳам ба куштори Қобилҷон Алиев 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд
Ҷангалҳо нобуд ва хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад
“Дар зиндон ҷарроҳӣ шуд”. Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода аввалин зодрӯзашро дар зиндон мегузаронад
Даргузашти Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон. Ӯ кӣ буд?
Қобилҷон Алиевро ба хок супурданд. Намози ҷанозаи ӯ бо ҳузури муфтии кишвар хонда шуд
“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста