Низомиёни Тоҷикистону Покистон давоми 6 рӯз, аз 4 то 9-уми август дар машқгоҳи таълимии “Фахробод”-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар подгон (гарнизон)-и вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” баргузор кардаанд.
Ҳадафи размоиши низомии ду кишвар такмили машқҳо, равиш ва усулҳои амалиёти зиддитеррористӣ тавассути омӯзиши муштарак, инчунин, тақвияти робитаҳои низомии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навиштааст, ки дар ин размоиш наздики 100 хидматчии ҳарбии дутараф ширкат карда, “гурӯҳҳои таъйиноти махсус, ҷузъу томи ҳамлаовари десантӣ, пиёданизом роҳу усулҳои истифодаи силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро дар самти мубориза алайҳи терроризм намоиш доданд”.
“Машқҳои муштараки “Дӯстӣ-2025” баҳри сайқал додани маҳорати саҳроии ҷузъу томи таъйиноти махсус ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар шароити кӯҳсор ва иншоот, такмил додани тобоварии ҷисмонӣ ва устувории руҳию ахлоқии ҳайати шахсӣ, ташкили ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи таҷриба байни ҷузъу томи таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон заминаи воқеӣ фароҳам овард”, - навиштааст Вазорати дифои Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, шуъбаи робитаи умумии артиши Покистон дар саҳифаи "Х"-и худ навиштааст, ки дар тамринҳои муштарак 4 дастаи размии нерӯҳои махсуси Тоҷикистон ва 2 тими ҷангии артиши Покистон иштирок доштанд.
“Ҳамаи ҳадафҳои омӯзишӣ ва дипломатияи низомӣ бомуваффақият иҷро гардиданд. Низомиёни ҳар ду кишвар сатҳи баландтарини маҳорати касбиро дар ҷараёни баргузории машқҳо нишон доданд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ин шуъба.
Дар маросими анҷоми тамринҳои муштарак, ки мақомдорони баландпояи низомии ду кишвар ширкат доштаанд, ба як қатор ширкаткунандагони фаъоли машқҳо медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо тақдим шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Покистон қаблан борҳо дар тамринҳои чандҷонибаи низомии “Ҳамкории минтақавӣ” ширкат карда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста