Дар 10 рӯзи маъракаи даъват ба хидмати ҳарбии тирамоҳӣ, нақша даъват ба артиш 78% иҷро шуда, қариб 30 шаҳру ноҳия нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам чор навори ба гуфтаи корбарон “облава” паҳн гардид.
Бар асоси гузориши Вазорати дифои кишвард, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро кардаанд:
- ВМКБ - 100%;
- вилояти Хатлон - 91%;
- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури – 72%;
- шаҳри Душанбе - 71%;
- вилояти Суғд - 64%.
Ин ниҳод иҷро шудани нақшаро ба “масъулиятшиносии ҷавонон ва бо хоҳиши худ ҳозир шудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зистшон”, рабт дода гуфтааст, ки маъракаи даъват “муташаккилона идома дорад”.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастикам чор навори ба гуфтаи корбарон “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.
Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.
Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Вазорати мудофиаи кишвар мегӯяд дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш “ягон шикоят аз ҷалби иҷбории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ” дарёфт накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 107 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати 30 ҷавон ҷазо татбиқ шудааст. Дар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) нисбати онҳо бо моддаи 343-и Кодекси ҷиноятӣ - саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парванда боз шуда, ҷазо таъин гардидааст.
Ин банди қонун аз 37 ҳазору 500 то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад. Аммо ин ниҳод мушаххас нагуфтааст, ки ба онҳо чӣ ҷазо таъин гардид.
Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Имсол тибқи фармони президент ҷавонони аз 18 то 27 сола ба артиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то охири моҳи ноябр давом мекунад.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.





Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста