Дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.
Изҳороти Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон чанд лаҳза пеш дар саҳифаи он дар Фейсбук нашр шуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эронро “амалиёти низомӣ” хонда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки “оромиро нигоҳ доранд, ҳушёр ва бодиққат бошанд, пайваста иттилоот ва тавсияҳои расмии Сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд, аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд”.
Ҳамчунин, Сафорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки ин кишварро “бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд”.
Дар изҳороти Сафорат зикр шудааст, ки он “фаъолияти худро дар низоми муқаррарӣ идома дода, омода аст барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба хориҷшавии шаҳрвандон аз Эрон кумак расонад”.
Ва барои тамос рақамҳои зеринро гузоштааст:
+98 (021) 22 29 95 84
2. +98 (021) 22 83 46 50
3. +98 936 325 31 47
4. +98 910 451 98 15
5. +98 937 974 35 08
6. +98 930 433 42 34
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон то ҳол баёнияи расмие нашр накардааст.
Зимнан, вақти “ҷанги 12-рӯза”-и Исроилу Амрико бо Эрон дар тобистони соли 2025 Тоҷикистон аз аввалин кишварҳое буд, ки онро қотеъона маҳкум карда буд.
Дар ҳамин ҳол, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон бекор шудаааст.
Аз ҷумла як парвози ширкати "Вориш", ки мебоист пагоҳ аз Теҳрон ба Душанбе парвоз кунад, лағв шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз бахши ҳавонавардии кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз, 28-уми феврал, як ҳавопаймо, ки аз Душанбе ба самти Дубай парвоз мекард, дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ ва маҳдуд шудани фазои ҳавоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз марзи Туркманистон аз роҳ баргашт ва тавассути Покистон дубора ба Душанбе омад.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги нав дар Ховари миёна субҳи имрӯз бо ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд. Дертар артиши Эрон ҳам дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ ҳамла кард.
Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳороти худ ошкор иброз доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Эрон посух дод, ки ба ҳар гуна таҷовуз сазовор ва қотеъ посух хоҳад гуфт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста