Душанбе. 12-уми май. Азия-Плюс — Бозори арзони «Сомон», ки дар маҳаллаи Гипрозем вокеъ аст, баста мешавад.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, фардо, 13-уми майи соли ҷорӣ бозор бинобар мутобиқат накардан ба талаботи санитариву гигиенӣ ва хатари сӯхтор баста хоҳад шуд.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, бозори мазкур пас аз қонеъ сохтани талаботи мақомоти дахлдор ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. «Ҳамзамон тибқи супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шахсони дахлдори мансабдор муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати таъмини ҷойҳои корӣ ба фурӯшандагони бозори мазкур дар дигар бозорҳои пойтахт чораҳо андешанд», - афзуд Шавкат Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста