Душанбе. 21-уми май. «Азия-Плюс» - | Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» аз 15 то 19-уми май дар осоишгоҳи «Умед» («Надежда»)-и ноҳияи Варзоб давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ» баргузор кард. Дар он 20 корманди воситаҳои ахбори оммаи чопию электронии шаҳри Душанбе ва манотиқи кишвар ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ масоили ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ, механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, озод будан аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибату ҷазои бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, татбиқи адолати судӣ нисбат ба ноболиғон, истифодаи меъёрҳои байнулмилалии рӯзноманигорӣ дар инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарварони Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ва Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов ба ҳайси тренерони ин давраи омӯзишӣ фаъолият карданд. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин коршиносони варзидаи бахшҳои ҳуқуқи ҷиноӣ ва ВАО, намояндагони Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ ва Суди конститутсионии ҶТ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ҳимоятгарон суханронӣ карда, ба суолҳои сершумори иштирокдорон посух гуфтанд.
Хабарнигори радиои «Азия-Плюс» Валентина Кондрашова таассуроти худро оид ба ин семинар чунин иброз дошт: «Фикр мекунам, ки барои журналистон давраи омӯзишӣ хеле муфид буд, зеро мо аз он барои худ маълумоти зиёди зарурӣ ва муҳимро ба даст овардем. Ҳамчунин тарзи баргузории чорабинӣ ба ман писанд омад, зеро мо имкон доштем, ки дар фазои озоду ғайрирасмӣ бо мансабдорони давлатӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон оид ба масоили дорои аҳамияти ҷамъиятӣ гуфтугӯ кунем».
Ин давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Инъикоси масоили адолати судии ҷиноятӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» бо дастгирии Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳадафҳои лоиҳа ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масоили ҳуқуқи инсон ва адолати судии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, ташкили замина барои муҳокимаи ҷамъиятии масоили мазкур, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО мебошад.
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста