Душанбе. 23-юми май. Азия-Плюс — Барои вилояти Суғд дар соли хониши 2011-2012 ба миқдори 292 ҷой квотаҳои президентӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10 ҷой камтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи илм, макотиби олӣ ва макотиби таҳсилоти умумии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, квотаҳои президентиро хатмкунандагони 17 шаҳру навоҳии вилоят соҳиб гардида, аз 292 ҷой 150-тоаш барои духтарон пешбинӣ шудааст ва онҳо дар факултаҳои муҳандисӣ, омӯзгорӣ, филологӣ, молиявӣ, кишоварзӣ, варзишӣ ва санъати 14 мактаби олии шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд. «Қисми зиёди соҳибони квота – 102 нафар духтарон ва 88 нафар ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва боз 29 нафари дигар дар донишкадаи тиббӣ таҳсил хоҳанд кард», - гуфтанд дар шӯъбаи ҳукумати вилоят.
Ба иттилои сарчашма, ноҳияҳои Ғончӣ, Ашт, Спитамен, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва ҳамчунин Исфараву Истаравшан аз ҳама бештар соҳиби квота гардида, шаҳри Хуҷанд ба гирифтани квота ҳуқуқ надорад. «Толибилмони ба квота арзанда нахуст дар мактабҳо муайян гардида, сипас рӯйхати онҳо ба баррасии комиссияҳои шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва пас аз он ба ҳукумати вилоят пешниҳод мегардад», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки озмун барои духтарон се довталаб барои як ҷойро ташкил дода, барои ҷавонон шумори довталабон номаҳдуд аст.
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста